Хурӯс бонг баровард ва субҳ кард тулӯъ
Сабӯҳи лозим ҳоласт дар усӯлу фурӯъ
Гзир нест зи шурби мудому модомам
Ки аҳли рози дарин шева кардаанд шурӯ
Ҳаким нест ки гуяд намехӯрам бода
Ба назд ақл раво нест узри нои мсмўъ
Чу буи май ба димоғам расад дили мастам
Шавад кафи афкан аз изтироб чун мсрўъ
Ғуломи ҳиммати он неки нафаси хуши нафасам
Ки хотирии мутафарриқ ҳаме кунад маҷмӯ
зи дард по натавонам зи пой хам бархест
Шудам ба ҳукми ҳараҷи фориғ аз суҷуду рукӯъ
Биоваред ва ба пайкор дар кашид маро
Ки ман зи нусхаи девони фитратами мавзӯ
Чу масти омадам аз хнби хонаи мабда
Макун маломатами ин ҷо магӯӣ нои машрӯъ
Дар эътиқоди нзории хилоф ҷоиз нест
Ки гуфтаанд ки бо асл худ кунанд руҷӯъ