Буии биҳишт май дамад аз ҷӯйбори боғ
Афканди соя бар сари гули шохсори боғ
Товуси сидра дар тараб ояд чу башнавад
Овози булбул аз сари сарву чанори боғ
Оби ҳаёту ҳалаи фирдавс ҳосил аст
Инак нигоҳ кун ба миёну канори боғ
Ҳавзаш чу кавсарасту гулу сабза чун ҳлл
Инак биҳишт нақд бибин дар ҷавори боғ
Амвотро ба роиҳаи эҳё ҳаме кунад
Чун соғари таҳур май хушгувори боғ
Бар сабзаи байн ки чун гул бодом ме кунад
Перонаи сар ба рӯзи ҷавонии нисори боғ
Май зебад ар зи олам боло кунад насиб
Ризвони хулдро ки буд устувори боғ
Зоҳид агарчӣ соими даҳри сету муттақе
Набӯд ҳалоли хора чу марсуми хори боғ
Ангур Марямаст ба маънӣ ва май Масеҳ
Руз прўрндаҳ кист дигар ҳақи гузори боғ
Пераст боғбону нзории мурӣд ӯ
Мо ҳар ду лоиқем ба таклифи кори боғ