Дилӣ мехоҳам аз ҳар кори фориғ

Зиноаму нангу фахру ори фориғ

Маро бояд ки дар гулзор бошам

Ба гули машғӯл лек аз хори фориғ

Чунон фориғи зи меҳнатҳо ба як бор

Ки ҳаст аз меҳнати ман ёри фориғ

Чу чолокони зи хулду дӯзахи озод

Чу нопокони зи нуру нори фориғ

Хумори олӯда чун муҳтоҷ роҳ аст

намеёрад шуд аз хумори фориғ

Адуи як лаҳза кӣ бӯдааст ҳаргиз

зи даъвиҳои нои ҳамвори фориғ

Дило гар бишинавӣ як нукта аз ман

Шӯй аз ҳафт ва панҷу чори фориғ

Агар хоҳӣ ки бошӣ шодмона

зи ғам хӯрдан маро бигзор фориғ

Нзорӣ аз балои нафаси ноқис

Шавад ҳам оқибати як бори фориғ