эй хутбаи саодати куллӣ ба номи ишқ

Ваии офтоб олам ҳастӣ низоми ишқ

Дар ишқам аз сиёсати султон наҳиф нест

Султон чаҳ кас буд ки набошад ғуломи ишқ

Касро ба дасти ақл муяссар наме шавад

Пои дили заъифи кушодани зи доми ишқ

Соҳиби хиради басо ки ҷигар хӯрд ва дар наёфт

Чун ва чароу кӯу куҷоу кадоми ишқ

Устоди комилони ҳама ишқасту илму ақл

Ҳастанд дар тамомии худ нотамоми ишқ

Девонагон ки маст аластанд ҳамчунон

Мастӣ кунанд баъди қиёмати зи ҷоми ишқ

Маҷнӯн ки ҷуръае ба мазоқаши расида буд

Маст ҳамешагӣ шуду масти мудоми ишқ

Мо низ ҳам зи ҷумла ӣ мисатон ошиқем

Беному нанг бесару сомон ба коми ишқ

Модар ба ному нанги бпрўрд ва шер дод

Устоди кори гашти нзорӣ ба коми ишқ