На бе ту тоқати сабр ва на бо ту рӯй висол

Турои зи ман чу маро аз ҷаҳон гирифт малол

Сумуми ҳиҷри ту дӯд аз дилам баровардӣ

Агар на буии ту май барад май зи боди шимол

Рақиби рости гумон май барад ки пиндорад

Ки дар канори манӣ рӯзу шаб вале ба хаёл

Чу бар ту шефта тар мешавам зи ғояти шавқ

Ту ҳам фирефтатар май шӯй ба ҳасану ҷамол

Туро ки дӯст гирифтам гумон наме барадам

Ба душманӣ ва чунин душманӣ ба ҳади камол

Бубахш бар ман мискин агар дилии дорӣ

Ки бар асири забун раҳмат оварад қаттол

Чу но умед шавам дам ба дам бар он бошам

Ки аз диёри ту риҳлат кунам ҳам андари ҳол

Ва лек бедил ва бе ҷони куҷо тавонам рафт

Ки мубтало шудаам ҳам чу мурғ бепару бол

Нзорё чаҳ кунӣ ҳам чунин ба зории зор

Ҷафоаш май кашу хуш майгарӣ ва хуш ме на?ил