Гетии биҳишт вор шуд аз рӯзгори гул

Дар боғ бушковед рух чуннигор гул

Шуд зоғ чун Уторид дар боғи сӯхта

То шуд падеди чеҳраи хўршидўори гул

Гули ҷома чок зад чу бишуд наргис аз чаман

Гӯйӣ бишуд зи фурқати наргиси қарори гул

Монад ба чанги сохта акнӯн навой мурғ

Монад ба авди сӯхта акнӯн бухори гул

Гар хости дори бода буд табъи мо кунун

Зеро ки булбуласт кунун хости дори гул

Дар хона гар кунем карона кунун равост

Зеро ки ҷой мо нашавад ҷузи канори гул

Дар бӯстон кунем ба дидори дӯстон

Танҳо фидои бодау дилҳо нисори гул

Акнӯн ки рӯзгори нзорӣ ба коми мост

Натавон гузошт ҷуз ба тараби рӯзгори гул