Турои нодидаи меҳрат бар гирифтам
Ба худ сар бо ту корӣ дар гирифтам
Маро аз васли ту хайрӣ насиб аст
Ба фоли фаррухи ин ахтар гирифтам
Дуо гуфтам , замин бӯседам аввал
Ба ёдат ҳар куҷо соғар гирифтам
Ба буии нофаи зулфати сабо ро
Қадам аз дида дар гавҳар гирифтам
зи оташи хонаи савдои ишқат
Танури сина дар ахгар гирифтам
Азин пеш ар хатое кардам он рафт
Ба паймони ту аҳд аз сар гирифтам
Сар аз Кувайт нахоҳам барад донам
Ки ин ишқ аз сар дигар гирифтам
Маро то аз сари ин савдо дар ояд
Дил аз ҷон нзорӣ барграфтам