Чунон ғами ту фурӯи басти роҳ бар нафасам

Ки аз ҳаёт асар нест бе ту дар нафасам

Ба сад шиканҷа барояд чунон зи ман нафасӣ

Ки эътимод набошад бар он дигар нафасам

зи баси гаронии ғам чанд бор биншинад

зи ақабаҳои бадан то расад ба сари нафасам

Ба бӯсае зи даҳони ту нои расида ба ком

Расед ҷон ба даҳон аз лаби ту ҳар нафасам

Мудом меравад аз равзани димоғами дӯд

Ки бар танур дилам мекунад гузари нафасам

зи офтоби муҳаббати чунон дилам шуд гарм

Ки ҳамчу зарра кашад дар ҳавои шарари нафасам

Ба ҳеҷ кас нараседӣ дамами зи гироӣ

Ки чун сумум накардӣ дар ӯ асари нафасам

Ба ҷаҳд мерасад акнӯн зи кунҷи сина ба ҳалқ

Аҷаб ки дар ту намегирад ин қадари нафасам

Буд ки дар ғалати уфтами зи худ ки оё ман

Ҳамон нзории ширини дами шукри нафасам

Намонад ҷузи рамақӣ аз ҳаёт ман дарёб

Ки мунқатиъ нашавад ногуҳ эй писари нафасам