Биёи биёи снмо беш аз ин маранҷонам

Дамӣ ба лутфи дилами даҳ ки баси парешонам

Чу булбул аз ғами ишқи ту то ба кӣ нолам

Ба дида чанд кашами хорат эй гулистонам

Ду зулфи шасти ту бар ҳам шикасти пайвандам

Ду чашми масти ту пайдои бикради пинҳонам

Ғаниматаст ба пеши лаби ту ҷон додан

Ки то магар ба ҳадисии зи лаби диҳии ҷонам

Шабӣ ки даст ҳамоил кунам ба гардани ту

Чу офтоб дурахшад ма аз гиребонам

Чу суди ҳосили умрами туе киро талабам

Чу асли роҳати ранҷами туе киро хонам

Шикастаам зи ту борӣ вале биҳамдиллоҳ

Агар шикастаи вуҷӯдами дурусти паймонам

Гарми тамомати олам ба сар бигардоне

зи пеши ҳукми ту як зарраи сари нгрдонм

Ба иззат аз бинишонӣ каминаи мискинам

Ба хизмат ар бипазирӣ мутӣъи фармонам

Ҳамон нзории мискини мустаманд ту ам

На худ ки то зи ту даврами ҳазор чандонам