Ёр бо мо ҳар чаҳ гуяд он кунем
Ҳар чаҳ фармоед ба ҷон фармон кунем
Ақлу нафасу ҷону ҷисму дайну дил
Бар ҳавои кеш ӯ қурбон кунем
Хешро дар киштӣ Нӯҳ афканем
Хештанро эмин аз тӯфон кунем
Аз муроди хеши берун омадан
Гарчи душвораст мо осон кунем
Гоҳи сувари ҳасани ҷонони дрдмим
Гоҳ бар номаҳрамон товон кунем
Дар ҷавоби соилон чун оҷизем
Ҳам ба хомӯшии баён он кунем
Чун як андозон хадангӣ бификанем
Пас чу устодони камон пинҳон кунем
Бар намеояд ба саъйу ҷаҳди мо
Чорае кин дардро дармон кунем
Миннатӣ натавон ниҳодангар ҳазор
Ҷони ширин дар сар ҷонон кунем
Гар муяссар нест каз асрори ҳақ
Пеш ҳар каси шамае бурҳон кунем
Чун нзорӣ гуфт бояд дар ҷавоб
Ман намедонам ҳамин мизон кунем