Боди баҳор май вазад аз тарафи нҳорҷон

эй ки фидои он чунон боди чунин ҳазор ҷон

Соқии исавии нафас чанд зи интизори бас

То ба хилофи шаръу дайн нӯш кунем биор ҷон

Ҷон манаст ҷом май Хизри ману мудоми ман

Дар талаби ту бармеон бастаам устувори ҷон

Лоиқ агарчӣ нестам ошиқи содиқами балӣ

Вар накунам на содиқам дар талабати ҳазор ҷон

эй дил агар чашидае ҷуръа ӣ шавқ боядат

Кард чу кӯҳкани фидои баҳри вафои ёри ҷон

Май хур ва ғам махӯр ҷӯй , нест ҷузи ин буруни шӯй

Аз паии нозанини гулӣ ранҷ мабар мхори ҷон

Мунтазирони насяро нест зи нақди ҳосилӣ

Сарф макун нзорё дар сари интизори ҷон