Базлае хуш ёдам омад ҳасби ҳол

Аз бузургӣ дар латофат бе ҳам?ил

Гуфт вақте воъизӣ дар кишварӣ

Аз барои ваъз шуд бар минбарӣ

Хуши нафаси ширини сухани гирои дамӣ

Дар фасоҳат сахт кӯшӣ муҳкамӣ

Гар касеро гуфт ҳаст аз ман савол

Вақти азин беҳтар надонам ломҳол

Ҳар киро аз ман саволӣ хотираст

Гӯ бикун инак ҷавобаш ҳозираст

Буд хар гум кардае бар пой хост

Гуфт гум кардам харӣ бингар куҷост

Гуфт биншин то бигӯям дам мазан

Маҷлиси тзкири ман барҳам мазан

Марди харро аз сари худ боз кард

Қиссае дар боби ишқ оғоз кард

Ҳозиронро дил худо донад куҷо

Риш болон карда сарҳо дар ҳаво

Гуфт дар аснои ҳол Эй аматон

Кист кӯ ошиқ нашуд аз ҷамалатон

Зини гронҷонии сабк бар пой хост

Гуфт инак шоҳид олам худост

Ман ки дар авқоти панҷа сол зист

Ошиқӣ ҳаргиз надонистам ки чист

Аз сари минбар ба хар гум карда пер

Гуфт ҳин инак харат ришаш бигир

Ҳар киро хотир на ҷой дигараст

Яъне ошиқ нест , аз хар камтараст