Маро вақте бкўиши манзилӣ буд
Ки на манзили аён на манзилӣ буд
Дамӣ шуд уқдаҳои мушкилами ҳал
Ки на ҳалол ва на мушкилӣ буд
Ҳамаи дарё ва соҳилҳо бидидам
На дрёӣии аён на соҳилӣ буд
Баҳр маҳфил шудам чун моҳи тобон
На тобони шамъӣ ва на мҳлФӣ буд
Иморатҳо ҳама таъмир кардам
На меъморӣ на хиштӣ на гулӣ буд
зи асфал то бо алӣ қатъ кардам
На аъло дидам ва на соФлӣ буд
Шудам қоили баҳри қавлӣу аҳдӣ
На аҳдӣ ва на қавли қоилӣ буд
Шудам фоили баҳри исмӣу феълӣ
На исмӣ ва на феъли фоилӣ буд
Шудам андари авомили ҷумлаи омил
Авомил дар куҷо кӣ омилӣ буд
Шудам андари масоили ҷумлаи соил
На масъӯлу саволи соилӣ буд
Шудам ҳомили баҳри мавзӯу мҳмўл
На вазъӣ ва на ҳамли ҳомилӣ буд
Мушкили омадам дар ҷумлаи ашкол
На шаклӣ дидам ва на шоклӣ буд
Мукаммали омадам дар ҳар камолӣ
На акмал на камоли комилӣ буд
Қабулу қобилу мақбули гаштам
На мақбулу қабули қобилӣ буд
Ҳузуру ҳозири дил ҷумла дидам
На ҳозир на ҳузур ва на дилӣ буд
Биҷузи нури алии пинҳону пайдо
На ҳавлӣ дар миён на ҳоилӣ буд