эй ҷамолати матлаъи анвори файз

Ваии ҷалолати манбаи асрори файз

эй бихон ҷавдати арбоби карам

Омадаи муҳтоҷ бар дарбори файз

Ҷилва бинмуд андар дида ам

Дида шуд ойинаи дидори файз

зи абри гавҳари бори файёзи кафат

Шуд садафҳо пар дар шҳўори файз

Гирд шавад гулчини ҳазоронаш ҳазор

Кам нагардад баррагӣ аз анвори файз

Баҳри файёз дигар ояд Биҷӯш

Аз хурӯши абри дарёи бори файз

Олимӣ гирданд то хуши мустафиз

Парда бигушоем аз рухсори файз

Қоф то қофи ҷаҳони як боғи дон

Вндри он ашхосро ашҷори файз

Шуд ҳақиқати бору баргаши маърифат

Нахл бор оварадам аз азҳори файз

Ҳар замон гардад дарин бустони саро

Ҷорӣ аз баҳри карами анҳори файз

Бар сипеҳри ҷону дили нури алӣ

Бошудам баси матлаъи анвори файз