Солҳо дар худ сафар кардем мо

Дар сафари умрӣ басар кардем мо

Аз диёр хештан бастем бор

Хештанро дар бадар кардем мо

Бор афкандем дар ҳар манзилӣ

Пас сабки зонҷо гузар кардем мо

Ғӯта ҳо хӯрдем дар ҳар лаҷа

Доманӣ зон пар гуҳар кардем мо

Хушки ватар дидем дар олами басӣ

Сайрҳо дар баҳр ва бар кардем мо

Шаҳрҳо дидем беҳаду шумор

Олимии зер ва зибр кардем мо

Оқибат бо ёр чун нури алӣ

Кишвари ҷонро сафар кардем мо