Бози сози ишқ сар кардем мо

Тарки ақли тира сар кардем мо

Мӯътакиф гаштем кунҷи майкада

Бодаи навашонро хабар кардем мо

Хушки лаб ҳар ҷо ҳарифӣ ёфтем

Ком ӯ аз бода тар кардем мо

Шарбатӣ аз лаъл ҷонон сохтем

Коми ҷонҳо пар шукр кардем мо

Доғи ишқӣ бар ҷигарҳо сӯхтем

Синаҳоро пар шарар кардем мо

Ганҷи ҷон дар кунҷ вайрон ёфтем

Тарки ганҷи сим ва зар кардем мо

Даст ва дил шастем аз суду зиён

Тарк ҳар нафъ ва зарар кардем мо

Поу сар дар ишқ ҷонон бохтем

Хешро бепо ва сар кардем мо

Саргузашти хеш кӯтаҳ сохтем

Қиссаи худ мухтасар кардем мо

Ҳамнишин гаштем бо нури алӣ

Хештанро муътабар кардем мо