эй сифотати ҳамаи ойинаи зот

Ҷилваи зоти ту ойини сифот

Маркази доираи холу хатат

Он сукӯн дода бадали ин ҳаракот

Чини абрӯат чу ояд баназар

Дар назар мавҷ занад оби ҳаёт

Гар набӯд аз лаби ту чошниш

Ин ҳаловати з куҷо ёфт набот

Хирман ҳасан раседат бнсоб

Хӯшаи мустаҳаққами даҳ баракот

Такя бар аҳд рақибон макунӣ

Ки надорад чу вафои ту сабот

Дигар аз ҳиҷру ҳалокаш чаҳ халал

Нурро васли ту чун гашти наҷот