Чун бузургону зиракони хурдаи дон ки акнӯн рӯзии замин ба зоти шарифи эшон мушаррафаст дар такмили рӯҳи инсонӣу марҷаъу маъоди он тааммул намуданду сунану орои акобри собиқро пеши чашми бдоштнд , хизматашонро бад-ӣни муътақидоти инкории тамом ҳосил омад . намефармойанд « бар мо кашф шуд ки рӯҳи нотиқа эътиборӣ надорад ,у бақои он ба бақои бадан мутаъаллиқасту фанои он ба фанои ҷисми мавқуф » ; ва мефармойанд ки « ончии анбиё фармӯдаанд ки ӯро камол ва нақсоне ҳасту баъди фироқи бадан ба зоти худ қоимаст ва боқӣ хоҳад буд маҳоласт ,у ҳашару нашри амреи ботил . Ҳаёти иборат аз эътидоли таркиб бадан бошад . Чун бадан муталошӣ шуд он шахс абадан ночизу ботили гашт . Ончии иборат аз лаззоти биҳишту уқоб дӯзахаст ҳам дар ин ҷаҳон метавонад буд , чунонкӣ шоир гуфтааст :
Онро ки додаанд ҳамин ҷоаш дода анд
Ва онро ки нест ; ваъда ба фардоаш дода анд
Лоҷарам аз ҳашару нашру уқобу азобу қурбу баъду ризоу схту камолу нуқсони фароғатӣ тамом доранд ,у натиҷаи ин муътақиди онкии ҳамаи рӯзаи умр дар касби шаҳавоту нил ба лаззоти масруф фармӯда мегӯйанд :
эй онкии натиҷаи чаҳор ва ҳафтӣ
Вази ҳафт ва чаҳор доими андари тафтӣ
Май хур ки ҳазор бор бешат гуфтам
Бозомаданат нест , чу рафтӣ рафтӣ
Ва аксари ин рубоиро бар сандуқчаи гӯр падарон менависанд :
Зини сақфи буруни равоқ ва даҳлезӣ нест
Ҷуз бо ман ва ту ақлӣ ва тмиизӣ нест
Ночиз ки ваҳм карда кон чизе ҳаст
Хуш бигузар аз ин хаёли кон чизе нест
Ва ба сабаби ин ақидааст ки қасди хӯну молу арзи халқи пеши инсони хор ва бемоя май намояд :
Бар ӯ як ҷуръа май ҳамранги озар
Гиромитар зи хӯни сад бародар
Алҳақ зиҳии бузургони соҳиби тавфиқ ки ончии чандини ҳазор сол бо вуҷӯди тасфияи ақлу рӯҳ ( бар дигарон ) маҳҷӯб монад , безаҳматӣ бар эшон кашф шуд .