То замон барқарор хоҳад буд
То замин пойдор хоҳад буд
Подшоҳи ҷаҳони Абӯисҳоқ
Дар ҷаҳон комкор хоҳад буд
Сипаҳатро ҳамеша нусрату фатҳ
Бар ямин ва ясор хоҳад буд
Ҳар умедӣ ки дорӣ аз яздон
Даҳ сад ва сад ҳазор хоҳад буд
Ҳркҷои корзор хоҳӣ кард
Хасмро кор , зор хоҳад буд
Камари бандагӣат ҳар ки набаст
Баста рӯзгор хоҳад буд
Дар ҳамаи кори иҷтиҳод аз ту
Нусрат аз кирдигор хоҳад буд
Дар чунин давлат ар буд ғаммоз
Нофаҳои ттор хоҳад буд
Дар чунин аҳди адли ошуфта
Сари зулфин ёр хоҳад буд
Гуҳи гуҳии нотавонӣ ар уфтад
Ҳам насим баҳор хоҳад буд
Ин далерии зи ҳади гузашт акнӯн
Ба дуо ихтисор хоҳад буд
Маликат бар фалаки дуъогӯи бод
То фалакро мадор хоҳад буд