Дилдодаро зи тири маломат газанд нест
Девонаро тариқаи оқил писанд нест
Аз дарди мо чаҳ фикри вази аҳволи мо чаҳ бок
Онро ки дили муқайяду по дар каманд нест
Фарҳодро ки бо дил ширин таъаллуқаст
Рағбат ба нўшдорўу ҳоҷат ба қанд нест
Ҳарҷо ки оташи ғами дилдор шуъла зад
Ҷони барфашон ба завқ ки ҷой сапанд нест
Бас кун убайд бо дили шӯридаи доварӣ
Бечораро насиҳати мо сӯдманд нест