Моро зи шавқи ёр ба ғайр илтифот нест
Пурвои ҷони хешу сар коинот нест
Аз пеши ёр агар нафасӣ давр ме шавам
Ҳар дам ки май занами зи ҳисоб ҳаёт нест
Дар ошиқӣ хамӯшӣ ва дар ҳиҷри собирӣ
Ин худ ҳкоитист ки дар мумкинот нест
Риндӣ гузин ки шеваи номӯсу рангу бӯ
Ғайр аз хаёли ботилу ҷуз тараот нест
Бигзор ҳар чаҳ дорӣ ва бигузар ки мард ро
Ҷузи тарки тӯша , тӯшаи роҳ наҷот нест
Аз худ талаб ки ҳар чаҳ талаб мекунӣ зи ёр
Дар тангнои каъба ва дар сўмнот нест
Дарюза кардам аз лаби дилдори бӯса Эй
Гуфто бирав убайд ки вақт закот нест