Тарки сармастам ки соғар ме гирифт
Олимӣ дар шӯр ва дар шар ме гирифт
Акси хуршеди ҷамолаш дар ҷаҳон
Шуъла мезад ҳафт кишвар ме гирифт
Чун сабо бар чини зулфаш май гузашт
Бӯстон дар машк ва анбар ме гирифт
Ҳар дамӣ аз оҳи дўдосои ман
Оташӣ дар авд ва миҷмар ме гирифт
Бӯсае зу дил талаб мекард лек
Ин сухан бо ӯ куҷо дар ме гирифт
Қиссаи дардаши убайд аз сӯзи дил
Ҳар замон мегуфт ва аз сар ме гирифт