Сиёҳ чарада бутамро намаки з ҳад бигузашт

Итоб ӯ чу ҷафои фалаки з ҳад бигузашт

Латофати лабу дандону мастии чашмаш

Чу май парастии мо як ба як з ҳад бигузашт

Ба лоба гуфт ки аз ҳади гузашти ҷаври рақиб

Ба танз гуфт ки бе ҳеҷ шаки з ҳад бигузашт

Бануш бодаи софии зи дасти дилбари хеш

Ки бе вФоӣии чарху фалаки з ҳад бигузашт

Убайдро дили сангинаш имтиҳон карданд

Айёри дӯстяш бар маҳаки з ҳад бигузашт