Дӯши лаълати нафасии хотири мо хуш ме кард
Дида медид ҷамоли туу дил ғаш ме кард
Рӯй зебои ту бо моҳ якояк ме зад
Сари гесуии ту бо бод кашокаш ме кард
Сунбули зулфи ту ҳрлҳзаҳ парешон ме шуд
Хотири хастаи ушшоқ мушавваш ме кард
Зу ҳар он ҳалқа бар гӯша ма ме афтод
Дили мискини марои наъл дар оташ ме кард
Тир бар синаам он ғамза фаттон ме зад
Қасди хӯни дилами он ориз маҳваш ме кард
Аз хату холу биногвашу лабу чашму рахт
Ҳаркии як бӯса тамаъ дошт ғалат шаш ме кард
Пеши нақши рухи ту дидаи хўнризи убайд
Сафҳаи чеҳра ба хуноба мунаққаш ме кард