Лаъли нўшинш чу хандон ме шавад

Дар ҷаҳони шукр фаровон ме шавад

Қад ӯ ҳргаҳ ки ҷавлон ме кунад

Гўиёи сарв хиромон ме шавад

Партави рӯйиш чу май тобади зи давр

Офтоб аз шарм пинҳон ме шавад

Қисса зулфаш намегӯям ба кас

Зонкаҳи хотирҳо парешон ме шавад

Ман на танҳо мешавам ҳайрон ӯ

Ҳарки ӯро дид ҳайрон ме шавад

Гарчи мегуяд ки бинавозам туро

То нигаҳ кардӣ пушаймон ме шавад

Бо убайд ар нарм мегардад дилат

Корҳои сахташ осон ме шавад

Ҳаркиро шоҳӣ олам орзӯаст

Бандаи даргоҳ султон ме шавад

Шоҳи Увайси он хусрави дарёи дилӣ

КоФтобши банда фармон ме шавад

Хусравӣ каз калаки гавҳарбор ӯ

Кор бесомон ба сомон ме шавад