Сипедаи дам ба сабӯҳии шароб хуш бошад
Навоу нағмаи чангу рубоб хуш бошад
Бутӣ ки масту харобии зи чашми фаттонаш
Нишаста пеши ту масту хароб хуш бошад
Саҳаргаҳон чу зи хоб хумор бархезӣ
Хаёли бангу нишоти шароб хуш бошад
Миёни боғ чу васлнигор даст диҳад
Канори обу шаби моҳтоб хуш бошад
Шамоили хуши ҷонон ба хоб дидам дӯш
Умед ҳаст ки таъбири хоб хуш бошад
Убайди ин ду се битк ба як замон гуфта аст
Гараш ту гуфт туоне ҷавоб хуш бошад