Бози тарки аҳд ва паймон карда буд
Куштани мо бар дил осон карда буд
Дшмнонми бад ҳаме гуфтанд ва ӯ
Гӯш бо гуфтор эшон карда буд
Зулфи мишкӣнаш парешон гашта буд
Бас ки хотирҳо парешон карда буд
То шунидам оташӣ дар ман фитод
Онкӣ бе мо азм бустон карда буд
Нолаи дилсӯзи мо чун гӯш кард
Раҳматӣ дар кор ёрон карда буд
Гуфт бо бечорагон сулҳӣ кунем
Бахти мо бозаш пушаймон карда буд
Хотираш ногуҳ биринҷед аз убайд
Бе гуноҳии кон мусулмон карда буд