Дӯши султони хаёлаши боз ғавғо карда буд

Малики ҷони тороҷу рахти сабр яғмо карда буд

Барқи шавқаш аз даҳонам шуъла мезад ҳар замон

Ва оташи савдоӣ ӯ қасд сувидо карда буд

Дидаам дарёӣ хӯнаст ва ман андари ҳайратам

То хаёлаш чун гузар бар роҳ дарё карда буд

Гарчи мезад ёри мо лофи вафодории дил

Оқибат бишикаст паймонӣ ки бо мо карда буд

Ҷони з ман мехост лаълаш дар баҳоии бӯса Эй

Бе такаллуфи мухтасари чизе таманно карда буд

Дардҳо чун дайр шуд навмед рӯй аз мо битофт

Ҳар ки рӯзии дардмандиро мудово карда буд

Гар убайд аз ишқ дам зад пеш аз ин маъзӯри дор

Кин гуноҳӣ нест кони бечора танҳо карда буд