Кард фориғи гули рӯяти зи гулистони мо ро
Куфри зулф ту баровард зи имони мо ро
То хаёли қаду болои ту дар дил бигузашт
Хотир озод шуд аз сарви хиромони мо ро
Мо ки дар ишқи ту ошуфтау шӯридаи шудем
намекунад ҳалқаи зулфи ту парешони мо ро
То ба домон висолат нарасад дасти умед
Даст кӯтаҳ накунад ашки зи домони мо ро
Дар раҳи каъбаи васли ту з по нанишинем
Гарчи дар по шаканд хори муғелони мо ро
эй убайд аз паии дил чанд тавон рафт охир
Кард савдои ту бас бесару сомони мо ро