Мардум ба айшу шодӣ ва ман дар балои қарз
Ҳаряк ба кору борӣ ва ман мубталои қарз
Қарзи худоу қарзи хилоиқ ба гарданам
Оё адоӣ фарз кунам ё адои қарз
Харҷами фузуни зи ғояту қарзами буруни зи ҳад
Фикр аз барои харҷ кунам ё барои қарз
Аз ҳеҷ хат нтобам ғайр аз сҷли дайн
Ваз ҳечкас нанолам ғайр аз гўои қарз
Дар шаҳр қарз дорам вондри маҳаллаи қарз
Дар кӯча қарз дорам вондри сарои қарз
Аз субҳ то ба шом дар андеша монда ам
То худ куҷо биёбам ногуҳи раҷои қарз
Мардуми зи дасти қарзи гурезон ва ман ба сидқ
Хоҳам пас аз намозу дуо аз худои қарз
Арзам чу обрӯии гадоён ба бод рафт
Аз бас ки хостами з дар ҳар гадои қарз
Гар хоҷа тарбият накунад назд подшо
Мискини убайд чун кунад охири давои қарз
Хоҷаи ълоءи давлату дайни он ки ҷузи кафш
Ҳаргиз касе надид ба гетии сазои қарз