Забони зи нукта фурӯ монаду рози ман боқӣ аст
Бизоъати сухан охир шуду сухан боқӣ аст
Гумон мабар ки ту чун бигузарӣ ҷаҳон бигузашт
Ҳазор шамъ бикуштанду анҷуман боқӣ аст
Касе ки муҳаррами боди сабо сет ме донад
Ки бо вуҷӯди хазони буии ёсуман боқӣ аст
зи шикваҳои ҷафояти ду кун пар шуд , лек
Ҳануз ранги адаб бар рухи сухан боқӣ аст
Намонад қоида ӣ меҳри кӯҳкан ба ҷаҳон
Вале адовати парвизу кӯҳкан боқӣ аст
Магӯ ки ҳеҷ таъаллуқ намонад урфӣ ро
Таъаллуқӣ ки набӯдаш ба хештан боқӣ аст