Дар азал рафтам ба сайри каъба ва ёрӣ набӯд

Омадам дар дайр , роҳиб буд ва бекорӣ набӯд

Куфру дайну каъбау дайр аз азал буданд , лек

Сулҳу ҷангӣ бар сари тасбеҳ ва зуннорӣ набӯд

Дар сабки рӯҳӣ мисл буданд тоъати пешаи гон

Аз мусаллои риё бар дӯши кас борӣ набӯд

Сайри кӯй зоҳидӣ кардам , чаҳ ҳо дидам , мапурс

Ҳеҷ сар бе кӯбаши сангӣ ва деворӣ набӯд

Боз кардам дидаро дуздида бар боғи муҷоз

Мушти зоғии ошноён буд , ҷуз хорӣ набӯд

Дар тамошогоҳи ҳасан , аҳл назар буданд ҷамъ

Дида ҳо багушӯдау маҳрӯм дидорӣ набӯд

Бар сар хам рафтаму зоҳли хароботи Муғон

Аввалин ҷӯши хам май буд ва ҳушёрӣ набӯд

Аз лаб ҳар зарраам хӯн аноолҳқ ме чакад

Таъна ӣ номаҳраму андеша ӣ дорӣ набӯд

Ишқ буд , аммо дил худ мегузиду ҷони хеш

Буд беморӣ вале маҷнӯн беморӣ набӯд

Ишқ агар ғам дод , ҷону дили ситад , айбӣ макун

Теғи аввал буд ошӯб харидорӣ набӯд

Ҳамчуи лиззат дар шудам дар реша ӣ дилҳои риш

Рост гӯям хӯн дил будаст , хунхорӣ набӯд

Достон ҳастӣ урфӣу даъвиҳои ӯ

Ин замон гуё баромад , дар азал борӣ набӯд