Хубон ки ба ҳам гармӣ бозор фурушанд

Бо ҳам биншинанд ва харидор фурушанд

Мо нома ва қосид нашносем ва набинем

Арбоби назари дида ба дидор фурушанд

Ҳайрон шудаи гони ту ба хуршеди қиёмат

Осӯдагии соя девор фурушанд

Мо мӯътакифи гўшҳء танҳоӣ хешем

Он каъба равонанд ки рафтор фурушанд

Равшан макун эй маи шаби диҷўр ки ушшоқ

Андӯҳи дили худ ба шаб тор фурушанд

Мискини нафаси мо ки тзрўони чамани гирд

Парвоз ба мурғон гирифтор фурушанд

Бо он ки яқинаст ки дар гулшани фирдавс

Сад гул ба тиҳии дастӣ ҳар хор фурушанд

Зини дасти тиҳӣ дар ғалати уфтам ки мабодо

Қуфл дару хори сар девор фурушанд

Урфии ту гуҳари ҷамъи гни имрӯз ки ин ҷинс

Бисёр харанд охир ва бисёр фурушанд