Гар бод шавам бар ту вазидан нагузоранд

Вар ҳасан шавам рӯй ту дидан нагузоранд

То сар зада шодӣ ба дилам , сӯхтаи ишқат

Ин сабзаи азин хок дамӣдан нагузоранд

Ин расм қадимаст ки дар гулшани мақсӯд

Бар хоки бирезади гул ва чидан нагузоранд

Гар шарбат вагар заҳр , ба лаб чун расад ин ҷом

Бояд ҳама нӯшед , чашедан нагузоранд

Аз тарбияти обу ҳаво дар чамани ишқ

Нахлӣ ки шавад хушк , баридан нагузоранд

Мо мӯътакиф каъба нишинам ки дар вай

Беҳуда ба ҳар кӯча давидан нагузоранд

Пайдост аз он ҳасани назарбозии урфӣ

Кин булбул аз он боғ паридан нагузоранд