Аз дидаам кадоми нафас хӯн наме равад

Сайли ҳазор заҳр ба Ҷайҳун наме равад

Ғайрат барам ба шодии олам ки ҳиичи гоҳ

Аз хилвати висоли ту берун наме равад

Тамкини ишқи байн ки ба ин ҷазбаи талаб

Сад гом рафт маҳмил ва маҷнӯн наме равад

Миъроҷ ғайратаст , сари кӯҳкан , вале

Бовар макун ки зулм ба гулгун наме равад

Маъмураи дилӣ агарат ҳаст , бозгуӣ

Кин ҷои сухан ба малик Фаридун наме равад

Хезад ба кӯии ишқи зи девор ва дар фиғон

К-эии вои дидае казу хӯн наме равад

Дар сина манаст ки оғишта бо ?илам

Оҳӣ ки аз ғами ту ба гардун наме равад

Урфии ту худ маранҷ , ки бедоди душманон

Зин пеш мешуд аз дилат , акнӯн наме равад