Фориғем эй омилони ҳашари зи эҳсони шумо

Кишту кор мо намегунҷад ба мизони шумо

Риндӣам эй мейри девон , ҷазои собит буд

Ман сабӯҳӣ карда меоем ба девони шумо

Нест ғами зи олӯдагӣ эй соликони роҳи ишқ

Даст кавсар мефишонд гирди айвони шумо

Офтоби мо тулӯъ аз машриқ Ясриб намӯд

Фориғем эй Мисрён аз моҳи канъони шумо

Рафтаи рафтаи кори худ ме сохтам нопойдор

Гар бгштии дастгирами файзи эҳсони шумо

Шаби гузашту ҷом май лаб тар накардӣ зоҳдо

Маҷлис риндон надорад тоқати шаъни шумо

Дасти адл эй синаи ришон гар набахшад марҳамӣ

Тоқ ксро мекунад чоки гиребони шумо

Арзи мол , эй манъмон , бар май кашон , беҳурматӣ аст

Харҷи як базми шароби мости сомони шумо

Аз табассум бар сари хубон чаро миннат ниҳанд

Ин малоҳат бо намак ҳаст аз намакдони шумо

Сӯхти урфӣ аз ҳиҷоби нокасони кӯии ишқ

Шарм ҳурмат барнатобад рӯй Меҳрони шумо