Ғам ту нест , ба айши ҷаҳон ки пардозад

Ҳавои теғи ту дар сар , ба ҷон ки пардозад

Чунин ки ғамза ба як теғ мекашад ҳама ро

Ба коўкоўи дили хӯни чикон ки пардозад

Агар лаби ту на дар дили намак нишон омад

Ба тоза кардани доғи ниҳон ки пардозад

Чу ишқи ёр ки ҳам олӯдаи сӯзад ва ҳам пок

Ба қимати гуҳари ин ва он ки пардозад

Киришмаи гашти ҷаҳонӣ , чунон ки дил май хост

Магар ба сӯхтани куштагон ки пардозад

Агар на муҳаррами дардӣ талаб кунад урфӣ

Ба ҷусту ҷӯии ман бенишон ки пардозад