Коши он касон ки манъам аз он тунд ху кунанд

Сад дил намӯда вом ва ним нигоҳӣ ба ӯ кунанд

Ин тишнагӣ ба ҷому қадаҳ кам наме шавад

Бо соқён бигӯ ки фикр сабу кунанд

Инаст илтимос ки моро пас аз вафот

Риндони бодаи нӯш ба май шаст ва шӯ кунанд

Нозам ба ғамзааш ки зи шавқи хаданг ӯ

Осӯдагони ҳаёт дигар орзӯ кунанд

Урфӣ чаҳ бими дорӣ аз осеби дилбарон

Бигзор то ба ҷони ту нохун фурӯ кунанд