Биҳишти хоси шумо зоҳидӣ , намоз кунед
Даруни равед ба фирдавс ва дар фароз кунед
Фасоди суҳбати ноҷинс дар мақом худ аст
Пас аз мусоҳиби ноҷинс эҳтироз кунед
зи зер ҷилва ҳастӣ ниёз май борад
Ба ҷилваи гоҳи адам дар шавем , боз кунед
На ҷой хоб хамӯшӣаст , сайдгоҳи ҷаҳон
Ҳадиси воқеаи Кебек ва шоҳбоз кунед
Мусоҳиби ғам урфӣ шавед , агар хоҳед
Ки истимоъи суханҳои ҷон гудоз кунед