Агар зи ковуши мижгон ӯ дилам хӯн шуд
Хушам ки баҳри ман асбоби гиря афзӯн шуд
Дами ҳалок , ба рӯй ту , бас ки , ҳайрон буд
Дилам наёфт , ки кӣ , зи сина , ҷон берун шуд
Кадоми қатраи хуй , Лайлӣ , аз ҷабин ифшоанд
Ки гоҳи гиря , бурун , зи чашм маҷнӯн шуд
Умеди ман ба муҳаббат , зиёда , чун нашавад ?
Ки дӯши кӯҳкан , оромгоҳ гулгун шуд
зи бут на гӯшаи чашмӣ , на чини абрӯе
Ба ҳайратам ки дили брҳмни зи каф чун шуд
Фиғони зи табъи ту урфӣ , магӯ , бигӯ каз ту
Табиатати сабаби шӯҳрат ҳумоюн шуд