Тарсам аз аҳли вараъ , шавқ шаробам бикашанд
Ба биҳиштами бФрибнд ва ба хобам бикашанд
Дар дами назъ агар тавба з мехоҳам кард
Беҳтар онаст ки риндон ба шаробам бикашанд
Ман ки безор нахоҳам шудан аз мӯии сифед
Ҷой онаст ки дар аҳд шабобам бикашанд
Чун зи осеб шабихун натавонам ҷони барад
Дорам умеди норафта ба хобам бикашанд
Суханӣ дар дилам омад ки агар гуфта шавад
Аҳли таҳқиқ ба нопухта ҷавобам бикашанд
Боязидам ки ан алҳақ ба забон май орм
Гӯи мурӣдон ки ҳамин дам ба шитобам бикашанд
Урфӣ аз савмиъа бигзор ки берун оем
Гар писандӣ ки зи шавқ меноБам бикашанд