Чу мурғи сидра ки дар ошён биёсоед

Ба чини зулфи ту ҷон биёсоед

Баронам аз дар ёр , эй адаб , ки як чанде

зи нанг бӯсаам он остон биёсоед

зи рашк ҳавсилаам осмон буд дилгир

Киришмае ки дил осмон биёсоед

Макун ҳалок ба бозичаам , бизан захмӣ

Ки хӯни чикони лабам аз аломон биёсоед

Мабар ба боғ , бабри сӯии гулханам , конҷо

зи буии сӯхтагии мағз ҷон биёсоед

Дилаш ки монда шавад осмон , дар озорам

Ҳазор соли пас аз ман ҷаҳон биёсоед

Чунон ба мотами дил дар ғамат кунам шеван

Ки куштаи гони ғаматро равон биёсоед

Фиғон ки талх сириштанд , пайкарам , урфӣ

Нашуд ки зоғӣ аз ин устихон биёсоед