Ба боғи ишқи тзрўи тараб ҳазин мерад

Чу мива хез шавад шох , мива чин мерад

Ба кеши брҳмнони он кас аз шаҳидон аст

Ки дар ибодати бут рӯй бар замин мерад

зи захми куфри муҳаббат наме баради лиззат

Ҳамон бааст ки зоҳид ба дард дайн мерад

Аҷал наёмада мардум , ки хастаи ғами ишқ

Ду рӯзи пештар аз рӯз вопасин мерад

Чароғи базми яқинам на шамъи аҳли далел

Ки аз дамӣдани афсуни он ва ин мерад

Абири турраи ҳураши ғубор ойина аст

Касе ки гирди раҳи дӯст бар ҷабин мерад

Мазан таронаи таҳсин ба шеъри ман урфӣ

Ки шамъи табъи ман аз бод офарин мерад