Ҳайфаст ки дастӣ ба намакдон ту ёбанд
Зоғони ҳавасро , магас хон ту ёбанд
эй гули зи сабо роҳ бигардон ки мабодо
Мурғон ба насимаши раҳи бустон ту ёбанд
Бояд ки расад ҷон ба лаби Хизру масеҳо
То қатра аз чашмаи ҳайвон ту ёбанд
Он фитна ки дар хӯн кашад ошӯби қиёмат
Дар силсилаи зулфи парешон ту ёбанд
Чун шеъри ту урфӣ нагузинанд ? ки олӣ аст
Ҳар байт ки дар сафҳаи девон ту ёбанд