зи кӯии ишқи малики дил шикаста ме ояд

Масеҳ меравад онҷо ва хаста ме ояд

Шаҳиди новаки онам ки чун равад ба шикор

Ғизоли қудс ба фитрок баста ме ояд

Замонаи гулшани айш киро ба яғмо дод

Ки гул ба домани мо даста даста ме ояд

Ҳуҷум дард бидон гӯнаи бастаи роҳи нафас

Ки бар лабами зи даруни хаста хаста ме ояд

Ҳавас ба ҳиммати урфии магар шабихун зад

Ки захми дор ва ба маҳмил нишаста ме ояд