Сад шукр каз иқболи ғаму лашгари офат
Дар мамлакат ишқ нишинам ба хилофат
Ҳар чанд ки дар хӯрд ҷамолат назарӣ нест
Ҳайфаст ки пинҳон буд он ҳасани латофат
То духтари рузи даст дар оғӯш бирақсед
Гӯи мӯҳтасиб шаҳр макун тарки маломат
Ҳар чанд ки шамшер ба бегона наронад
Бар ҳавсила ӣ ишқ бикаш теғи зарофат
Олӯдагӣ аз даҳанам давр нагардад
Гар чашма ӣ кавсар кунамаш сарфи назофат
Дар ишқ чаҳ як гом ва чаҳ сад марҳала , урфӣ
То шавқ набошад нашавад таии масофат