Онон ки васфи ту тақрир ме кунанд

Хоби надидаро таъбир ме кунанд

Аз сидқи аҳли бткдаҳи ҳам эътимод рафт

Аз бас ки аҳли савмиъа тазвир ме кунанд

Мардони кор роҳ нишин ибод шуд

Бозичаи дӯстони ҳама тазвир ме кунанд

эй бе ғамони ҳазар ки надимони базми ишқ

Тифлони хомро ба нафас пер ме кунанд

Ҳарчанд ошноӣ румузанд зиракон

Нозук магӯ ҳадис ки такфир ме кунанд

Чун аҳли роз нукта саройанд гӯши дор

Зибқ ба гӯши рез чу тафсир ме кунанд

Мункир машав чу нақш набинӣ ки аҳли рамз

Лавҳ ва қалам гузошта таҳрир ме кунанд

Андешае дареғи мадор аз дили хароб

Кин хона ба васваса таъмир ме кунанд

Ин оҳу нолаи урфӣ аз оташ сиришта анд

Магушоӣ лаб , мабод ки таъсир ме кунанд