Майл дорам каз май ғам дар биҳишт оем ба ҳуш

Яъне андари базми он ҳўро сиришт оем ба ҳуш

Майл он дорам ки боз аз бодаи шавқи санам

Дар ҳарам беҳуш оем , дар биҳишт оем ба ҳуш

Майл он дорам ки бебокона бо шухии базм

Масту хуши беруни рӯм , дар тараф кишт оем ба ҳуш

Майл он дорам ки масти уфтам ба гулзори Ирам

Вази тараннумҳои мурғон биҳишт оем ба ҳуш

Мастӣ аз андозаи берун гар равад , урфӣ фитад

Бар димоғи хишти хам , каз буи хишт оем ба ҳуш