Шаҳид ӯ ки буд обу ранги ёқӯташ
Ниҳанд Хизру масеҳо ба дӯши тобуташ
Хуши он саодати мурғӣ ки мекунад дар дом
Киришмаи ту зи авҷи ҳавои лоҳуташ
Заъиф тар шавад ар неъматаши з бода диҳанд
Вазифаи хори муҳаббат ки ғам буд қӯташ
Шаҳиди зулфу рух ӯ чу тарафи ҷӯии биҳишт
Буруни дамади гулу сунбули зи даври тобуташ
Фиғони зи хомаи урфӣ ки камтарини зафарат
Шикасти хомаи Монӣу калаки ёқӯташ