Фасл баҳорасту шукри насими баҳори фарз
Май дар пиёлаи воҷибу гул дар канори фарз
Чандон асир шуд дили ворастаагон ки гашт
Шукри киришмаҳои ту бар рӯзгори фарз
Сайёди ғамзаи ту чу зиҳ бар баст бар камон
Гардид ишқи новак ӯ бар шикори фарз
Аз бас ки қобилият дар ишқи доштам
Кардам атои ҳасани ту бар кирдигори фарз
Суннат буд зи майкадаи ҷазби насим май
Вази даргааш ба носиаҳи ҷазби ғубори фарз
Зон мондаам ба тоъати ҳақ каз ҳавои нафас
Бар гарданами ниҳодаи табиати ҳазор фарз
Инкори фарзи шоҳид ва май , фарз бар фақиҳ
Бар мо итоати санам майгусор фарз
То кӣ суоли суннату фарз эй фақиҳ , хез
Нозу ниёзи суннати бӯсу канори фарз
Урфӣ бар аҳли савмиъаи соғари мада ки ҳаст
Бар суфиёни бодаи ниҳони каши хумори фарз